Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Баргузории мулоқоту суҳбатҳо ва ҷамъомадҳои тантанавӣ дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

Имрӯзҳо дар шаҳри Бӯстон бо мақсади истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту суҳбатҳо ва ҷамъомадҳои тантанавӣ доир гардида истодааст.

Тибқи иттилои Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр чунин як ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва хоҷагии манзилию коммуналӣ доир гардид. Чорабинӣ бо ба толор ворид намудани Парчами давлатӣ ва хондани Суруди миллӣ оғоз шуд.

Дар ҷамъомад муовии раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода номаи табрикии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Баъдан устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исоматдинов оид ба дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маърӯза намуд.

Шоири ваҳдатсарои шаҳр Синои Абӯалӣ дар интиҳо оид ба сулҳу ваҳдат, расидан ба қадри озодиву соҳибистиқлолӣ аз ашъори тозаэҷоди хеш шеърҳо қироат кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории мулоқоту суҳбатҳо ва ҷамъомадҳои тантанавӣ дар шаҳри Бӯстон