Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Мастчоҳ. Дар рӯзҳои таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ хонандагони деҳаи Сангчашма соҳиби мактаби нав шуданд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар деҳаи дурдасти Сангчашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мактаби наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки армуғони шоиста барои хонандагони деҳаи мазкур дар рӯзҳои таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ин боргоҳи маърифат, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 мебошад, барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шуда, дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта ба истофода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Илҳомҷон Оймаҳмадзода иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳаи Сангчашмаро ба муносибати ифтитоҳи мактаби замонавӣ ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки дар ин рӯзҳои пурфайзи таҷлили ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияи давлатӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаи зебою тароватбахши Сангчашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор гувоҳи барҷастаи ғамхорию пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбати соҳаи мактабу маориф мебошад.

Дар навбати худ роҳбарият ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 барои чунин ғамхорӣ, яъне бунёди мактаби наву замонавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Дар рӯзҳои таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ хонандагони деҳаи Сангчашма соҳиби мактаби нав шуданд