Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии сеошёнаи «Аржанг» дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва роҳбарияти шаҳр дар маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов Маркази хизматрасонии сеошёнаи «Аржанг» мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд Маркази хизматрасонии «Аржанг» дар доираи эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Ҳоҷибоев бунёд шудааст. Дар толори якуми маркази хизматрасонӣ, мағоза ва ошхона воқеъ буда, дар ошёнаи дуюм устохонаи рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин дар ин ошёна толори толори намоишгоҳи расму мусаввараҳо бунёд гардида, минбаъд чун маркази фарҳанг ва эҷод кор фармуда мешавад. Дар ошёнаи сеюми иншоот имконот ва шароити зарурӣ барои эҷодиёти мусавварӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми иншоот аз ҷониби муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва роҳбарияти шаҳр бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кӯдакони ятиму камбизоат туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази хизматрасонии «Аржанг» меҳмонон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ хонданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии сеошёнаи «Аржанг» дар Хуҷанд