Хабарҳо
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55

Дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, мизи мудаввар бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва олимону коршиносон иштирок доштанд.

Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ арзиши волои зиндагӣ ва дастоварди бузурги даврон мебошад.

-Дар Барномаи ҲХДТ, дар самти татбиқи сиёсати дохилӣ ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар маҳаки асосӣ қарор дорад. Дар он қайд мешавад, ки ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, - зикр намуд Сатториён Матлубахон Амонзода.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев ва номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод маърӯзаҳо ироа карданд.

Сипас, раиси шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Анвар Ҷалилов, собиқадорони меҳнату ҳизб Карамулло Одилов ва Мурод Шукурзода доир ба дастовардҳои дигари даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва инчунин нақши ҲХДТ дар таҳкими ин дастоварди бузург ҳарф заданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид