Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

«Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» - баргузории ҳамоиши илмӣ дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзўи «Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, устодони донишгоҳҳои олӣ, кормандони маориф, тандурустӣ, фарҳанг, донишҷӯён ва раисону фаъолони маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.

Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи 9 сентябри соли 1991 чун Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки имсол мо 28 - солагии онро ҷашн мегирем. Воқеан ҳам Истиқлолият ганҷи бебаҳо ва неъмати азизтарин барои мардум аст. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқ-лоламон мебошад.»

Таъкид гардид, ки агар ба марҳилаи рушди 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байнал-миллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Дар ҷараёни кори конфронс дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботурҷон Алимов, дотсенти кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Анвар Ҳоҷиев, асистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Акмал Ибодуллоев ва дигарон баромад намуда, дар бораи арзишҳои Истиқлолият, саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ, дастовардҳои замни Истиқлолият маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» - баргузории ҳамоиши илмӣ дар Хуҷанд