Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00

Муноқишаи наздисарҳадӣ дар марзи Ҷамоати деҳоти Чоркуҳи Исфара

( 0 Овоз )

Чанде пеш дар минтақаи наздисарҳадии байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯхи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон муноқиша сар зад.

Муноқишаи мазкур бо сабаби худсарона ва бидуни мувофиқа, қатъи назар аз қарордодҳои протоколии Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия, бо мақсади таъсису ташкили бозору фурӯшгоҳҳо ба марзи маъмурию ҳудудии деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара таҳти ҳимояти сарҳадбонон ва нерӯҳои таъиноти махсуси Қирғизистон ворид гаштани сокинони деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон сар задааст, ки ин амали иғвогарона тарҳрезинамудаи онҳо боиси норозигии мардуми маҳаллии деҳоти Чоркӯҳ гардидааст.

Бино бар иттилои расида ҷониби Қирғизистон, аниқтараш сокинон ва марзбонони қирғиз ҳатто монеъи ба маҳалла ва хонаҳои худ рафтани сокинони маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ шуда истодаанд, ки вазъиятро мураккаб намудааст.

Роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар макони ҳодиса ҳузур дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият корбарӣ доранд.

Видеое (https://www.youtube.com/watch?v=tF_BAcW8d6A&feature=youtu.be&fbclid=IwAR37t28OGvjy1AVQe1EG3fU6xgBduv2QFgoqY6orYpWQW-JyL7YmcFA2dqw) аз ҷониби нафаре аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст, ки ҳолату вазъиятро дар ин минтақаи наздисарҳадӣ аз нигоҳи шоҳидони ҳодисот бозгӯйӣ менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муноқишаи наздисарҳадӣ дар марзи Ҷамоати деҳоти Чоркуҳи Исфара