Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар 22 муассисаи иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир мегарданд ва наздик 1900 нафар бошандагони муассисаҳо аёдат карда мешаванд.

Чорабиниҳои идона рӯзи 5 сентябр ташкил гардида, барои бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастархони идона ороста мешавад. Дар ин рӯз аз ҷумла дар Интернати давлатии наздимактабии рақами 2 ва Интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакони вилояти Суғд, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон сусти шаҳри Исфара, Хонаи бачагони рақами 1-и шаҳри Исфара, Муассисаи таълимии парастишгоҳи рақами 40-и шаҳри Конибодом, Мактаб-интернати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент, Интернати назди муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен, Кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 26-и шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд, Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Хона-интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Парваришгоҳи ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон чорабиниҳо сурат мегиранд.

Дар назар аст, ки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳои идонаи муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи бошандагони муассисаҳо расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад