Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Иштироки раисони ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд дар чорабиниҳои идонаи сокинони шаҳри Бекобод

( 0 Овоз )

Раисони ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд дар чорабиниҳои идонаи сокинони шаҳри Бекободи вилояти Тошкент иштирок намуданд.

28 август дар шаҳри Бекободи вилояти Тошкент бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода ва гуруҳе аз аҳли фарҳанги ин ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Меҳмононро Рустам Холматов, ҳокими вилояти Тошкент ва Зафар Файзуллоев, ҳокими шаҳри Бекобод истиқболу пазироӣ намуданд.

Нахуст меҳмонон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ширкат варзида, сипас дар чорабинии идона, ки дар боғи фарҳангии “Ҷавонон”-и шаҳри Бекобод баргузор шуд, иштироку суханронӣ карданд.

Зимни суханрониҳо таъкид карда шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадии миёни давлатҳо боз гардида, робитаҳои фарҳангиву иқтисодии ду миллати дӯсту бародар – тоҷику ӯзбек беҳтар гардид.

Раисони навоҳии Мастчоҳ, Спитамену Ҷаббор Расулов ҳамзамон бародарони ӯзбекро ба муносибати ҷашни давлатияшон муборакбод гуфтанд.

Иштироку ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик дар чорабинии идона боиси фараҳмандии сокинони шаҳри Бекобод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки раисони ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд дар чорабиниҳои идонаи сокинони шаҳри Бекобод