Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Дар 78 иншооти соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд

( 0 Овоз )

Соли 2018 ва дар ҳафт моҳи соли 2019 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 70 иншооти соҳаи маориф барои 10 ҳазору 985 ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин бора муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ зимни иштирок ва суханронӣ дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят иттилоъ дод.

Тибқи иттилои муовини Раиси вилоят алҳол дар 78 иншооти соҳаи маориф барои 14 ҳазору 50 ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Илова бар ин, дар соли 2019 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва барқарорсозии 14 иншоот ва аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 29 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудаанд.

Боиси қайд аст, ки аз ҷониби аҳли ҷамоатчигӣ, соҳибкорон, кумитаи падару модарон ва шахсони саховатпеша дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Деваштич, Ашт, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба тариқи ҳашар сохтани синфхонаҳои иловагӣ ба ҳукми анъана даромада, дар ин шаҳру ноҳияҳо сохтмони даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар 78 иншооти соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд