Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Моҳи сентябр Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” гузаронида хоҳад шуд

( 1 Овоз )

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ моҳи сентябри соли равон Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” гузаронида мешавад.

Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” дар ду давр – даври аввали он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюми он дар маркази вилоят доир гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд.

Ғолибони даври вилоятии фестивал аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон”, “Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ”, “Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон”, “Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон”, “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси фароғатӣ” ва “Беҳтарин либос барои хона ва корхона” муайян ва бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Моҳи сентябр Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” гузаронида хоҳад шуд