Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.11.2019 16:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд - 22.11.2019 16:24
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд - 22.11.2019 16:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак»-ро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд - 22.11.2019 16:22
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.11.2019 14:13
Дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва «Саразм»-и шаҳри Панҷакент нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд - 22.11.2019 11:00
«Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» - баргузории мизи мудаввар дар Истаравшан - 22.11.2019 10:55
Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” аз Абдулманнон Насриддин ёдоварӣ карданд - 22.11.2019 10:44
ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup - 22.11.2019 10:33
Дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба 10 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳо тақдим шуд - 22.11.2019 08:49

Кӯҳистони Мастчоҳ: ободиҳои ҳайратовар

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати МИҲД-и вилояти Суғд банда ва адибу паҷӯҳишгар, дорандаи Ҷоизаи ба номи устод Садриддин Айнӣ Мирзо Шукурзода ба диёри аҷдодӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ омадем ва раҳораҳ аз гузаштаҳои начандон дури мардуми Мастчоҳ, ки акнун соҳиби ду ноҳия гардидаанд, суҳбат мекардем. Воқеан, ҳардуи мо зодаи деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳастем ва нисбати бурду бохти бошандагони он, ки ҳамагӣ хешу таборамон мебошанд, бетараф нестем.

Мастчоҳиён соли 1956 ба диёри нав - дашти Дилварзин бо ҳамон номи куҳани ноҳия ва деҳоти худ нав омаданд ва дар муддати начандон зиёд биёбонро ба бӯстон табдил доданд. Мастчоҳи нав ба туфайли корнамоиҳо ва ҳатто қурбониҳои ин мардум (солҳои нахусти муҳоҷират хелеҳо, хусусан, пирону кӯдакон ба сабаби номутобиқатӣ бо обу ҳаво ва набудани шароити мусоиди тиббию беҳдоштӣ ҷони худро аз даст доданд) ҳамчун яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ номвар гардид.

Мастчоҳи аслӣ аз одам холӣ монд. Дар ҳар деҳа як-ду нафар барои бонӣ кардани чорвои хоҷагиҳои ба Дилварзин рафта зиндагӣ мекарданду бас. Аксари биноҳои истиқоматиро худи мардум барои масолеҳи чӯбии сохтмонияшон ва манзилҳои баъзе саркашонро ҳукуматдорон бо булдозер вайрон карда буданд, биноҳои маъмурӣ, мактабу бунгоҳҳои саломатӣ дар собиқ маркази ноҳия – деҳаи Мадрушкат ва деҳоти дигар бо таъсири боду барфу борон тадриҷан валангор шуданд. Заминҳои кишт, боғҳои бесоҳиб оҳиста-оҳиста аз байн мерафтанд.

Дубора ба Мастчоҳи, акнун ба истилоҳи онзамона, кӯҳна, баргаштани сокинони Мастчоҳи нав қатъиян манъ буд. Агар касе пинҳонӣ меомад, мақомоти қудратӣ зуд огоҳ шуда, ӯро бармегардониданд ба Дилварзин. ҳамин тавр як ноҳияе, ки аз поён то болояш 120 километр масофа дорад, ба як дараи махуф табдил ёфта буд.

Дар нимаи аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар матбуоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ мақолаҳое оид ба захираву имкониятҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва зарурати эҳёи он пайдо шуданд, ки чашми роҳбарияти вақтро боз карданд. Соли 1974 бо сарварии номзади илми иқтисодӣ Холмуҳаммад Сангинов дар ҳудуди Кӯҳистони Мастчоҳ, ки аз лиҳози маъмурӣ тобеъи ноҳияи Мастчоҳ буд, иттиҳодияи байниколхозии гӯсфандпарварӣ ташкил гардид, ки нахустин қадами ҷиддӣ барои ободонии ин диёри матрук ба ҳисоб мерафт. Бо ташаббуси ин марди наҷиб роҳи ағбаи Оббурдан мошинравак шуд, роҳҳову пулҳо таъмиру тармим гаштанд.

Мардуми боори диёр ҳам акнун кам-кам ба кӯҳистон бармегаштанд, то хонаву манзилҳои бобоиро дубора обод ва рӯҳи гузаштагони худ шод кунанд.

Дар Кӯҳистони Мастчоҳ аҳолӣ меафзуд ва ду ҷамоати деҳот ташкил шуд, вале азбаски то маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон беш аз 300 километр масофа буд, идоракунии он душвортар мегардид. Зарурати ташкили ноҳияи нав ба вуҷуд омада буд, аммо роҳбарияти ҳизбу ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ ин масъаларо аслан шунидан намехостанд. Таъсиси ноҳияи алоҳида як орзуи дастнорас буду бас. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, ва хусусан, таваҷҷуҳи сарвари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин орзу ҷомаи амал пӯшид. Соли 1997 фармон дар бораи таъсиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба имзо расид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо бо сокинони ҳарду Мастчоҳ гуфтаанд, ҳангоми гирифтани ин тасмимашон 90 дарсади аъзои ҳукумат ба ин қарор зид будаанд.

... Субҳи барвақти 20-уми июли соли равон корвони мошинҳо аз болову поён ба маркази навбунёди ноҳия - Меҳрон, ки бо биноҳои нав ороставу пироста буд ба пешвози Пешвои миллат мешитофт. Баъди ифтитоҳи чандин иншооти нав муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқоти бисёр самимӣ оростанд ва аз ҷумла, гуфтанд: “Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад ва маҳз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омад, ки ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳимми кишоварзии мамлакат табдил ёбад”.

Дар ҳақиқат, истиқлолият ба ин сарзамини бостонӣ, ки ҳатто дар замони шӯравӣ аз неъмати барқ маҳрум буду мактабу беморхонаи дурсте ҳам надошт, умри дубора бахшид. Картошкапарварӣ ба соҳаи сердаромад табдил ёфт. Соли гузашта истеҳсоли картошка ба 73 ҳазору 600 тонна расонда шуд, ки назар ба соли 2008 беш аз 27 ҳазор тонна зиёд аст. Пешвои миллат супориш доданд, ки то соли 2021, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон истеҳсоли картошка ба 100 ҳазор тонна расонида шавад. Картошкапарварони ноҳия ин амрро иҷрошаванда меҳисобанд, зеро ба туфайли дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат имсол дар ин ноҳияи камзамин дар дашти Фалахмон 240 гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ ва кишт карда шуданд, лоиҳаи овардани об аз Худгифи Офтоб ба Худгифи Соя ҳам амалӣ шуда истодааст, ки боиси киштбобо шудани даҳҳо гектар замини камёб мегардад, ки дар аксари онҳо низ картошка парвариш карда хоҳад шуд. Бар замми ин, имкониятҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка ҳам дар ноҳия зиёд мебошанд. Фаромӯш набояд кард, ки дар ноҳия парвариши картошкаи тухмӣ ҳам хуб ба роҳ монда шудааст ва навъҳои нави серҳосил ва зудраси картошка торафт бештар мешаванд.

Боғдорон солҳои охир ба бунёди боғҳои интенсивӣ шурӯъ кардаанд, ки дар шароити камзаминии кӯҳистон хеле самаровар хоҳанд буд. Аз 24 гектар боғи нав 2,4 гектараш боғи интенсивӣ аст, ки тӯли ду-се сол пурра ба ҳосилдиҳӣ медарояд.

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои сердаромад аст. Имрӯз саршумори қутос дар ноҳия аз 600 сар гузаштааст ва рӯ ба афзоиш аст. Чорводории маъмулӣ - гӯсфандпарварӣ ва парвариши чорвои калони шохдор ҳам торафт рушд меёбад ва боиси хурсандист, ки дар деҳаи Лангари ноҳия ба қарибӣ коргоҳи маҳсулоти ширӣ ба кор оғоз мекунад.

Дар ноҳия захираҳои зиёди маъданҳои гуногун мавҷуданд. Соли 2017 Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010” дар Кони ангишти Ғузн ба истеҳсоли ангишт, ки сифаташ баланд аст, оғоз кард ва истеҳсолоти солонаи онро ба 10 ҳазор тонна ва шумораи коргаронашро аз ҳисоби коргарони маҳаллӣ ба 35 нафар расонид. Мутахассисон захираи ин конро 27 миллион тона ҳисоб кардаанд. Бояд зикр кард, ки коргоҳ дар таъмиру тармими роҳҳои ноҳия бо техникаҳои муқтадираш фаъолона иштирок мекунад. Аз ҷумла, имсол роҳи ағбаи Оббурдонро, ки ноҳияро бо ноҳияи Деваштич мепайвандад, хеле ҳамвору васеъ намуд.

Дар деҳаи Сабағи ноҳия сангнигораҳое мавҷуданд, ки бостоншиносон таърихи онҳоро 5000-сола, қариб баробари Саразм донистаанд. Чандин сол аст, ки бостоншиносони тоҷику рус ба ҳафриёти қалъаи ҳисорак (воқеъ дар байни деҳоти Мадрушкату Падаск) машғул ҳастанд ва бозёфтҳояшон шаҳодат медиҳанд, ки ин диҷи суғдиёни бостон таърихи наздик ба 3 ҳазор сол дорад. Дар саргаҳи ноҳия мазорҳои машҳури Аълами Оламиён ва Абумӯсои Ашъарӣ ва қариб дар ҳар деҳа мазорҳои шахсиятҳои маъруф воқеъ гардидаанд, ки чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он зоирони бисёр доранд. Табиати нотакрор, тагобаҳои бешумор низ сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд, ки дар сурати дуруст муаррифӣ кардани онҳо сайёҳии экологиро ҳам хеле сердаромад кардан мумкин аст.

Ҷӯра ЮСУФӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кӯҳистони Мастчоҳ: ободиҳои ҳайратовар