Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Имсол маблағгузории соҳаи маориф ба 938 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дирӯз дар Театри давлатии мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовини Раиси вилоят Азимӣ Зайнура Оқилзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳӣ, хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ва ғолибони олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ зимни суханронии худ нахуст иштирокдоронро бо фарорасии соли таҳсили 2019-2020 аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таҳният гуфта, иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон соҳаи маориф самти афзалиятнок ва ҳаётан муҳими сиёсати иҷтимоӣ эълон гардид ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Дар ин радиф, таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба соҳаи маориф хоса мебошад. Соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 793 миллиони соли 2018 ба 938 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади ҳавасмандкунии моддиву маънавии омӯзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори муассисаҳои таълимӣ, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ба дастовардҳои баландтарин ноил гардидаанд, қарори Раиси вилоят “Дар бораи таъсиси Ҷоизаи Раиси вилояти Суғд дар соҳаи маориф” ба тасвиб расид ва маротибаи сеюм аст, ки мукофоти мазкур ба беҳтарин омӯзгорони вилоят тақдим мегардад.

Агар солҳои қаблӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар истироҳатгоҳи “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 200 нафар хонандагони пешқадаму ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ятим дар осоишгоҳи “Зумрад”–и шаҳри Исфара 100 нафар омӯзгорони навовару собиқадор ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта шуда бошанд, соли ҷорӣ теъдоди хонандагон ба 300 нафар ва омӯзгорони навовару собиқадор ба 250 нафар расонида шуд. Ба ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят 577 ҳазор сомонӣ равона гардид.

Ин иқдом солҳои минбаъда низ идома ёфта, бо мақсади иваз намудани таҷрибаи пешқадам ва ба роҳ мондани робита байни муассисаҳои таълимии вилоят, омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимӣ ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят соли ҷорӣ сохтмони 29 иншооти соҳаи маориф барои 6544 ҷои нишаст дар як баст аз ҳисоби Идораи сохтмони асосии вилоят ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз гардидаанд. Илова бар ин барои синфхонаҳои иловагие, ки тариқи ҳашар дар назди муассисаҳои таълимӣ бунёд карда шудаанд, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мизу курсиҳо таъмин карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ 104 нафар, даставӣ 111 нафар, номӣ 49 нафар, синфҳои 5-8 148 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Мактаби Президентӣ иштирок намуда, 184 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин мебошад.

Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бештар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Бояд қайд намуд, ки аз 184 ҷойҳои ифтихорӣ 149 ҷойҳо ба шаҳру ноҳияҳои зикргардида тааллуқ доранд, ки ин 81%-и ҷойҳоро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон 19 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии вилоят ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии давлатҳои Таиланд, Ҳиндустон, Россия, 17 нафар щолибони олимпиадаҳои байналмилалии лоиҳавии давлатҳои Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва 189 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии давлатҳои Фаронса ва Тайван гардиданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд, аз ҳисоби буҷети вилоят 438 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шуд.

Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев дар суханронии худ иброз дошт, ки масъалаи асосии соҳа ин нахуст баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва сониян, бо омӯзгорони соҳибкасб таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ба шумор рафта, ин масъалаҳо ботадриҷ роҳи ҳалли худро ёфта истодаанд.

Дар кори машварат намояндагони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Спитамен, Ашт, Бобоҷон Fафуров ба музокира баромада, фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.

Тақдими туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулӣ, Сипоснома ва нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони соҳа, директорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагони муассисаҳои таълимие, ки дар олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ дастболо гаштаанд ва ҳамчунин омӯзгорони онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати маорифи вилоят, хотири иштирокдоронро шод гардонд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имсол маблағгузории соҳаи маориф ба 938 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад