Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишҷӯёни соли аввал

( 2 Овоз )

Имсол беш аз 1400 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шудаанд. Ин нукта зимни мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода бо донишҷӯёни соли аввал таъкид гардид.

Мулоқоти ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввал имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре аз раёсати донишгоҳ хабар доданд, Муъмин Шарифзода нахуст ҷавононеро, ки тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони донишҷӯӣ гардидаанд, табрик намуда, барои таҳсил комёбиҳо таманнно кард. Қайд гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ободу зебо гардида, тамоми шароиту имконот барои таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

-Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сафари Сарвари давлат ба вилояти Суғд чанде пеш дар донишгоҳ як толори варзишии барҳаво ба истифода дода шуд, ки донишҷӯён минбаъд метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд,  - зикр намуд роҳбари донишгоҳ.

Сипас, донишҷӯён бо шароиту имконоти донишгоҳ шинос гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишҷӯёни соли аввал