Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Ифтитоҳи толори муосири варзишӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори муосири варзишӣ ва толорҳои шоҳмоту шашка ва машқу тамрин ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти зикршуда Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат иштирок доштанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, сохтмони толори варзишӣ дар масоҳати 1220 метри мураббаъ соли 2018 аз ҷониби ширкати сохтмонии “Ирода - 2013” оғоз гардида буд. Дар як муддати кутоҳ толори барҳаво бо тарҳи зебову замонавӣ иборат аз ду ошёна бо тамоми шароити машқу тармим бунёд гардида, барои обутоби бадан, бозиҳои волейбол, футбол, баскетбол, гандбол шароит муҳаё карда шудааст. Ҳамчунин, дар ошёнаи дуюм тенниси рўи мизӣ гузошта шуда, толори хурди фитнес, ки бо лавозимоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, мавҷуд аст. Иншооти варзишӣ дорои 400 ҷойи нишаст буда, дорои утоқи кории омўзгорон, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва нуқтаи санитарӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи толори муосири варзишӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон