Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Ифтитоҳи хобгоҳ ва маҷмааи варзишии Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд рӯзи 23 август дар шаҳри Бӯстон  хобгоҳ ва маҷмаии варзишии Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти зикршуда Ёдрамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати рушди маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва сокинону роҳбарияти шаҳри Бӯстон иштирок доштанд.

Зимни суханронии хеш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид.

Сипас, Ёдрамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид низ суханронӣ намуда, ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзанда ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон соли 2006 дар асоси базаи моддӣ-техникии собиқ Коллеҷи куҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон таъсис дода шуда, аз як бинои асосии таълимӣ, як хобгоҳи донишҷӯён, устохонаҳои таълимӣ, ду бинои садамавии хобгоҳҳои донишҷӯён ва кормандон ва як бинои ошхона иборат буд, ки солиёни дароз таъмирталаб буданд.

Соли 2007 як хобгоҳи донишҷӯён аз таъмир бароварда шуда, ба истифода дода шуда буд. Бо зиёд шудани нақшаи қабул эҳтиёҷи ба хобгоҳ таъмин намудани устодон ва донишҷӯёни донишкада бештар гардид.

Соли 2015 бинои собиқ хобгоҳи рақами дуи донишкада, ки беш аз 25 сол дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, таъмир карда шуд.  Ҳоло ин бинои собиқ хобгоҳ ба ҳайси бинои таълимии факултети корҳои кӯҳӣ, Институти Конфутсияи назди ДКМТ, марказҳои коргузории сохтори илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, маркази таъбу нашр, иттифоқи касаба, маркази ҷавонон, бахши рушди касбият ва каръера ва осорхонаи ДКМТ истифода бурда мешавад.

Бо иқдоми раёсати донишкада собиқ бинои хобгоҳи рақами се, кибеш аз сӣ сол инҷониб дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бо маблағҳои дохилии фонди донишкада пурра аз нав таъмиру тармим карда шуда, имрӯз, ҳамчун хобгоҳ барои духтарон, аспирантон, магистрантон ва кормандону коргузорони донишкада ба истифода дода шуд.

Хобгоҳ барои 300 нафар пешбинӣ гардида, аз се ошёна иборат аст. Гирду атрофи ин бино дар масоҳати 1400 м2 сафолакпӯш карда шуда, дарахтону буттаҳои ороишӣ низ шинонида шудааст.

Маҷмааи варзишии навбунёд бошад аз 2950 м2 иборат буда, дар ҳудуди он майдони ҳозиразамони футболи хурд бо руйпӯши сабзэлими сунъӣ, дар андозаи 40х40м, майдони баскетбол дар андозаи 14х26м, ду майдончаи волейбол дар андозаи 18х2 ва машқгоҳи атлетикӣ дар масоҳати 150 м2 ҷойгир аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи хобгоҳ ва маҷмааи варзишии Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон