Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ифтитоҳ намуданд

( 1 Овоз )

23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ карданд.

Майдони умумии иншооти навбунёд 0,15 гектарро ташкил намуда, он бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” бо истифода аз масолеҳи хушсифат дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд сохта шуд.

Сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метр баландӣ дошта, андозаи худи нишон 2,4 метрро ташкил медиҳад. Иншоот аз рӯи лоиҳаи ширкати сохтмонии “Шаҳрофар” — и вилояти Суғд дар муддати қариб 4 моҳ сохта шуд.

Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ 3000 метри мураббаъро ташкил намуда, он бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, ин ҷо ба як мавзеи дилфиреби шаҳр ва сайругашти сокинону меҳмонон табдил дода шудааст.

Атрофи майдони иншоотро шабонгоҳ 30 адад чароғакҳои ба тозагӣ насбгардида равшан менамоянд. Ҳамзамон 3 фаввора ва 8 нишастгоҳ, ки бо тарҳи нав сохта шудаанд, ба ҳусни атрофи майдони Нишон зебоии дигар зам намуд.

Майдони сайру саёҳати назди Нишон ба талаботи замон мутобиқ буда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони ноҳия вақти худро хушу хотирмон гузаронанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ифтитоҳ намуданд