Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00
Нақшаи нишастҳои матбуотӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма - 10.07.2020 16:36
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 - 10.07.2020 16:23
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи модару кӯдакро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич Маҷмаи муосиру тозабунёди модару кӯдакро дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин Маҷмаи калони солимии модару кӯдак бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар заминаи бинои солҳои дароз нотамом сохта шуда, дар он барои ба хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ фаро гирифтани модару кӯдак шароиту имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи расмии ин Маркази тиббӣ таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад.

Дар саҳни муассиса муҷассамаи рамзии модару кӯдак бунёд гардидааст ва Сарвари давлат парда аз рӯи муҷассама бардошта, табибону кормандони тибро ба хизматрасониҳои сатҳи баланд ба модару кӯдак ҳидоят намуданд.

Маҷмаи модару кӯдак ташхису табобат, солимию солимгардониро дар самтҳои хеле васеъ фарогир аст.

Марказ аз ду ошёна ва чор шуъбаи асосӣ — шуъбаҳои таваллуд дорои 75 кати беморӣ, амрози занона 25 ҷой, амрози кӯдакона 45 кат, эҳёгарӣ ва ҷарроҳии кӯдакона дорои 15 кати бистарӣ, дар маҷмӯъ аз 160 кат иборат мебошад.

Дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатии марказ шароити муосири кори табибону кормандони тиб ва табобату ташхиси модару кӯдак бо таъмини лавозимоти замонавии тиббӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар марказ ташхису табобат ва ҷарроҳӣ бо истифодаи дастгоҳҳои сохти муосир, аз ҷумла, рентгени флюроографӣ, дастгоҳҳои колпаскопӣ, ултрасадо, мизи ҷарроҳӣ ва дигар таҷҳизоти нави муосири тиббӣ анҷом дода мешаванд.

Дар маҷмаа таҳлилгоҳҳои клиникавӣ ва биохимиявӣ, ки бо дастгоҳу лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳазанд, таъсис дода шудаанд ва ин имконият медиҳад, ки ҳамаи таҳлилҳо дар як ҷо гузаронида шаванд.

Дар марказ барои табобату солимгардонӣ аз гиёҳҳои шифобахши табииӣ васеъ истифода мегардад. Бо ин мақсад дар муассиса гӯшаи гиёҳдармонӣ бо пешниҳоди номгӯӣ зиёди гулу гиёҳҳои шифобахши кӯҳсорони кишвар ташкил шудааст.

Барои кор дар марказ коргарони соҳибтаҷрибаи соҳаи ташхису табобати модару кӯдак ва табибони ҷавону кормандони миёнаи тиб, ки аз такмили ихтисос гузаштанд, ҷалб карда шудаанд.

Саҳни муассиса васеъ буда, бо тарҳи хосса ободу зебо ва сабзу хуррам гардонида шудааст, ки барои истироҳату фароғати модару кӯдак мусоид мебошад. Дар саҳни муассиса суҳбаткадаҳо низ бунёд гардидаанд.

Дар марказ инфрасохтори зарурии соҳаи тандурустӣ ба вуҷуд оварда шуда, маркази мустақили гармидиҳӣ барои таъмини ҳуҷраҳо бо гармӣ, хати оби нӯшокӣ ва трансформатори мустақилу хати озоди барқ барои фаъолияти мунтазами муассисаи тиббӣ мусоидат менамояд.

Намояндагони аҳли ҷомеа, кормандони соҳаи тиб ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин муассисаи муосири тиббӣ изҳори сипосу хушнудӣ намуданд, зеро марказ барои таъмини саломатии модару кӯдак аҳамияти муҳим дорад ва туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи модару кӯдакро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд