Хабарҳо
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Деваштич мулоқот намуданд

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъиноти гуногун бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои истиқболи самимӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои созанда давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич беш аз 420 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 245 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 309 иншоот ба маблағи умумии беш аз 316 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 95 иншоот ба анҷом расонида шудааст.

Сарвари давлат барои таъмини босифати тадбирҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштичро вазифадор карданд, ки суръати корҳои ободониву бунёдкориро таҳти назорат қарор дода, дар ин раванд, ба сифати масолеҳи сохтмон, риояи ҳатмии меъёрҳои қабулшудаи бинокорӣ ва санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2016 — 2020, ки дар рафти он бунёди беш аз 200 иншооту биноҳои нав пешбинӣ гардидааст, то имрӯз 48 фоиз иҷро шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Деваштич аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 32 бинои нави таълимӣ барои 12 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъмини солимии ҷомеа аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мегардад. Дар ин замина, соли 2018 дар ноҳия бинои 5 маркази саломатӣ бунёд ва ба истифода супорида шуда, се маркази дигар дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат ҳамчунин бо таҳлилҳои амиқ оид ба рушду пешрафти дигар соҳаҳои муҳими ноҳия андешаронӣ карда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба татбиқи саривақтию босифати ҳадафҳои созанда, мардуми ноҳияро бошад, ба риояи қонунҳои амалкунанда, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Пас аз анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдории амиқ намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Деваштич мулоқот намуданд