Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми 21 август дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони бинои муосири «Маҷмааи иншооти қабули меҳмонони олиқадр» дар ҳудуди Осоишгоҳи «Баҳористон», воқеъ дар соҳили «Баҳри Тоҷик» ошно шуда, бо коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди бино суҳбат карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, нақшу нигори миллӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ва дигар қоидаҳои сохтмон ҳидоят карданд.

Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот Сарвари  давлат дастур доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ дар ҳудуди маҷмаа дарахтони ороишӣ, чароғҳои ранга ва дар роҳравҳо сангҳои ороишӣ шинонида, фаввораҳо, шаршараҳои сунъӣ бунёд карда, ин ҷоро ба як макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.

Дар соҳили «Баҳри Тоҷик» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи моҳипарварии Осоишгоҳи «Баҳористон» бо вазъи соҳаи моҳипарварӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои қаблӣ Пешвои миллат ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ин ҳавз ҳазорҳо адад моҳиҳои навъҳои «амури сафед», «пешонағафси сафед», «карп» ва ғайраро сар дода буданд.

Дар ҳудуди Осоишгоҳи «Баҳористон» барои таъмини истироҳаткунандагон бо хӯрокҳои парҳезӣ, гӯшт, шир ва тухм, парвариши парранда, чорвои калон ва харгӯш ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон