Хабарҳо
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз куҳансолонро аёдат намуд - 03.08.2020 10:43
Хуҷанд: Ситоди сайёр дар Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ - 05.08.2020 16:39
Дар Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 05.08.2020 13:51
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» - 05.08.2020 09:46
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 05.08.2020 09:42
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои филиали «Амонатбонк»-ро мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

20 августи соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро дар ин ноҳия мавриди истифода қарор доданд.

Бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро доро мебошад.

Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудаанд.

Фармоишгари корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда-2012” мебошад.

Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷоми амалиёти бонкӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва бо ифтитоҳи филиали ин бонки давлатӣ дар ноҳия мушкилоти мизоҷони бонкҳо то андозае бартараф карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд.

Дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар маркази ноҳия-шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби аҳолии маҳалӣ 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои филиали «Амонатбонк»-ро мавриди истифода қарор доданд