Хабарҳо
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45
Ҳадаф: Беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия - 12.08.2020 09:50
Ғолибияти хонандагони макотиби вилояти Суғд дар озмуни​ фосилавии "Тозагӣ —​ гарави саломатӣ" - 12.08.2020 08:12
Хуҷанд. Тақвияти корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ баҳри пешгирии бемории коронавирус - 11.08.2020 11:47
Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд - 11.08.2020 08:38
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Конибодом - 11.08.2020 08:53
Бо қарори КМИР 68 комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил гардид - 10.08.2020 18:51
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид - 10.08.2020 17:11

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамзамон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки  бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ  ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии асосии иншоот  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Шаҳриёр-93” мебошад.

Корҳои сохтмонӣ  дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар  муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ва тарҳи  муосир бунёд карда шудаанд ва  дар  корҳои сохтмони  бинои нав  30 нафар сокинони маҳалӣ бо кор таъмин гардида буданд.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра ҷароғон ва  роҳравҳои   атрофи  он пурра  сафолакпӯш карда шудаанд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  шиносоӣ аз утоқҳои корӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд  дода, онҳоро барои  хизмати софдилона ба нафъи давлату  миллат  ҳидоят намуданд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки баъди ба истифода додани бинои нави Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои кормандон  шароити мусоиди корӣ  ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд