Хабарҳо
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10

Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

( 0 Овоз )
Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  20.08.2019
Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  20.08.2019
Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  20.08.2019
Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  20.08.2019
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» иштирок карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Тибқи маълумот, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии  истихроҷи ангиштро доро мебошад. Роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ният доранд бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд карда, ҳаҷми истихроҷи ангиштро бештар намоянд ва 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ