Хабарҳо
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45
“Аз Хуҷанд то Лоҳур” – бо чунин ном дар Хуҷанд китоби нави муҳаққиқи шинохта Нуралӣ Нурзод ба нашр расид - 08.11.2019 16:15
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рўзи кормандони милитсия - 08.11.2019 15:29
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Гулистон - 07.11.2019 14:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Гулистон - 07.11.2019 14:48
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар - 08.11.2019 13:36
Отец убитого в Рудаки военного: "Мы гордимся, что у нас был такой ребенок" - 08.11.2019 13:35
Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ - 08.11.2019 10:42
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот намуданд - 08.11.2019 10:10

Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд

( 0 Овоз )

Тайи чор рӯз-аз 12 то 15 август лагери тобистонаи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистон мизбони 80 нафар ҷавонони 17-18-сола аз саросари Тоҷикистон гардид. Лагери мазкур дар  доираи лоиҳаи «Шараф ва ҳуқуқ» /USAID/ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират /СБМ/ созмон дода шуд.

Лагери тобистона ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон бахшида шуда,  ҳадафаш шинос намудани ҷавонони тоҷик бо масоили ҳуқуқи инсон, савдои одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, зарурат ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи онҳо мебошад.

«Ин лагер ба ҷавонон имкон фароҳам овард, то фаҳмиши худро доир ба савдои одамон боло бурда, дар маҷмӯъ  оид ба масъалаи   муҳоҷират тасаввуроти худро мукаммал гардонанд. Ин ибтикор ба мисли тамрин буд  – ҷавонон дар радифи такмили андешаронӣ дар ҷамъият донишҳои зарурӣ омӯхта, ба зиндагӣ омода мегарданд»,- таъкид кардааст дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка.

Бояд тазаккур дод, ки муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои умдатарини СБМ буда, он ду даҳа инҷониб ба Ҳукумати Тоҷикистон дар тақвияти иқтидораш барои муқовимат ба савдои одамон ва ҳимояи онҳо мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд