Хабарҳо
Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:41
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:42
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент - 13.09.2019 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд - 13.09.2019 09:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 13.09.2019 08:52
Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:35
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент ​ ​ - 12.09.2019 15:18
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:44

Ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ​ 234 нафар роҳ ёфтанд

( 0 Овоз )

Даври шаҳриву ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба охир расид ва 234 нафар иштирокчӣ ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ, ки моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд, роҳ ёфтанд.

Тавре аз маъмурияти Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ хабар доданд, даври шаҳриву ноҳиявӣ тибқи Низомномаи озмун даври дуюм ба ҳисоб меравад. Иштирокчиёни озмун дар ин давр низ мисли даври аввал барои Шоҳҷоиза ва ғолибият дар яке аз чаҳор номинатсия байни ҳам талош варзиданд. Шумори иштирокчиёни даври дуюми озмун дар ноҳияҳо ба тариқи зайл аст: Айнӣ – 31 нафар, Ашт – 100 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 176 нафар, Бӯстон – 48 нафар, Гулистон – 49 нафар, Деваштич – 40 нафар, Зафаробод – 28 нафар, Исфара – 95 нафар, Истаравшан – 100 нафар, Истиқлол – 21 нафар, Конибодом – 30 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ – 22 нафар, Мастчоҳ – 32 нафар, Панҷакент –87 нафар, Спитамен – 47 нафар, Ҷаббор Расулов – 62, Шаҳристон – 36 нафар, Хуҷанд – 55 нафар.

Дар ҳар шаҳру ноҳия ҳайати ҳакамон зимни саволу ҷавоб ва санҷиши дараҷаи китобхонӣ як нафарро барандаи Шоҳҷоиза эълон карданд. Ҳамчунин барои ҳар номинатсия сенафарӣ (ҷойҳои 1, 2, 3), яъне 12 нафар иштирокчии соҳибимтиёзу ғолиб эълон шуд.

Ҳамакнун ғолибони даври дуюм дар даври вилоятии озмун маҳорати худро нишон медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ​ 234 нафар роҳ ёфтанд