Хабарҳо
Ғолибони 20 - рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 23.10.2019 15:51
Баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум - 23.10.2019 15:57
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд - 22.10.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд - 22.10.2019 16:37
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд! - 22.10.2019 13:21
Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад - 22.10.2019 10:10
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59

Маркази миллии тестӣ нуқтаҳои бақайдгириро ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ эълон намуд

( 0 Овоз )

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро эълон намудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Маркази мазкур хабар медиҳад.

Маркази миллии тестӣ ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон  роҳ ёфта, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд,  мерасонад, ки азнавбақайдгирии чунин довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 холӣ мондаанд, аз 19 то 22 август дар як катор  нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   ба роҳ монда мешавад.

Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад, дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

Инчунин Маркази миллии тестӣ хотиррасон менамояд: довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Қабули маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оғоз гардидааст. Довталабони хоҳишманд метавонанд маблағи мазкурро пешакӣ дар яке аз филиалҳои бонки мазкур пардохт кунанд.

Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.

Вобаста ба ин, ба довталабон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи марказро хонанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маркази миллии тестӣ нуқтаҳои бақайдгириро ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ эълон намуд