Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41

10 август – Рӯзи варзишгарон. Дар вилояти Суғд беш аз 2500 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дорад

( 0 Овоз )

10 август дар Кохи Суғдиёни маркази вилоят бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронии худ кулли варзишгаронро аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ санаи 10 август таҷлил мегардад, табрик намуда, иброз дошт, ки дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Баргузории мулоқоти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони мамлакат, таҷдид, бунёд ва азнавсозии маҷмааву варзишгоҳҳо дар шаҳру навоҳии кишвар, таъсис додани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қадршиносии варзишгарони беҳтарин ва эҳёи намудҳои варзиши миллӣ гувоҳи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи варзиш мебошад.

Зикр гардид, ки ҷалб намудани аҳолии кишвар, хоса ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шумор рафта, таваҷҷӯҳ ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои ҷомеа торафт меафзояд.

Имрӯз дар вилоят 2523 иншооти варзишӣ, аз ин 45 варзишгоҳ, 1721 майдончаи варзишӣ, 545 толори варзишӣ, 31 ҳавзи шиноварӣ, 181 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд ва ҷавонону наврасон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.

Дар натиҷаи амалишавии барномаҳои соҳавӣ ва тадбирандешиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли равон дар шаҳру ноҳияҳо 42 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 толори варзишӣ ва 37 майдончаи варзишӣ ба маблағи беш аз 10​ миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 43 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 9 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 28 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 3 мактабҳои варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” мебошад.

Имсол бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, қавитар намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон ва бо ин васила дарёфти беҳтарин варзишгарони вилоят нахустин маротиба мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил ва баргузор гардид. Дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 1200 нафар варзишгарон, ки аз он 250 нафар варзишгарони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд, ширкат варзиданд.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои 49 нафар варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятиву минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ аз он дарак медиҳад, ки рушди соҳаи варзиш таҳти таваҷҷӯҳи доимӣ қарор доранд.

Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо варзишгарони вилоят аз оғози сол то имрӯз дар 59 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 398 медали тилло, 250 медали нуқра ва 239 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад 397 нафар варзишгарони вилоят иштирок карда, 231 медал, аз ҷумла 94 медали тилло, 55 медали нуқра ва 82 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш беш аз пеш талош намуда, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва обрӯи мардуми сарбаланди тоҷикро минбаъд низ баланд мебардоранд.

Сипас, ба як қатор варзишгарон, мураббиёни беҳтарин ва фаъолони соҳаи варзиш Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 10 август – Рӯзи варзишгарон. Дар вилояти Суғд беш аз 2500 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дорад