Хабарҳо
Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд - 25.08.2019 10:47
Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон - 25.08.2019 02:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд - 24.08.2019 18:13
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 09:26
Ифтитоҳи қорхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 23.08.2019 10:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:22
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 23.08.2019 12:23
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:26
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:28

Собиқадорону аҳли зиёи Хуҷанд барои ободии шаҳр саҳмгузорӣ менамояд

( 0 Овоз )

Дируз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ дар маҳалҳо бо иштироки собиқадорони меҳнат, адибон, олимон ва Шаҳрвандони фахрии шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид.​

Миззи мудавварро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оғоз намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории мулоқот дар байни сокинони маҳаллаҳои шаҳр бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҷеъ ба дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ ва омода намудани иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, аз ҳамаи собиқадорони меҳнат, адибон, зиёиён ва Шаҳрвандони фахрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро якҷоя бо раисони маҳаллаҳо, кўчаҳо ва фаъолон ҷиҳати баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ ва саҳм гузоштани сокинон ба ободониву кабудизоркунии кучаву манзилҳояшон гузаронанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд дар ҷараёни мизи мудаввар раиси собиқадорони ҷангу меҳнат – Муъминҷон Орифӣ, Шаҳрванди фахрӣ Шуҷоат Ҳасанова, Юсуф Қурбонов, Абдушукур Назаров, фаъолзан Муҳаббат Нозимова,раиси куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ Ҳамроҳ Атаева, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Файзуллоев, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Матлуба Муинова ва дигарон баромад намуда, омодагии хешро изҳор ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба баланд бардштани маданияти шаҳрдорӣ ва тарғиби ободкорӣ ироа доштанд.

Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки бо ҷалби васеъи аҳолӣ тадбирҳои ободониро вусъат бахшид ва чун солҳои қаблӣ саҳми фаъолонро дар кўчаву маҳаллаҳо дар самти ободонии маҳалли зист тақвият ва ин анъанаро идома бояд дод. Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис додани Шўрои ҷамъиятии маданияти шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолон, зиёиён ва шаҳрвандони фахрӣ айни муддао дониста шуд.

Дар анҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки фаъолону собиқадорон ва зиёиёну мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри бостонии Хуҷанд саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Собиқадорону аҳли зиёи Хуҷанд барои ободии шаҳр саҳмгузорӣ менамояд