Хабарҳо
Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд - 25.08.2019 10:47
Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон - 25.08.2019 02:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд - 24.08.2019 18:13
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 09:26
Ифтитоҳи қорхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 23.08.2019 10:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:22
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 23.08.2019 12:23
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:26
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:28

Бахшида ба Иди Қурбон дар 22 муассисаи иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир мегарданд

( 0 Овоз )

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Иди Қурбон дар 22 муассисаи иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир мегарданд ва наздик 1900 нафар бошандагони муассисаҳо аёдат карда мешаванд.

Чорабиниҳои идона рӯзи 11 август ташкил гардида, барои бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастархони идона ороста мешавад. Дар ин рӯз аз ҷумла дар Интернати давлатии наздимактабии рақами 2 ва Интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакони вилояти Суғд, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон сусти шаҳри Исфара, Хонаи бачагони рақами 1-и шаҳри Исфара, Муассисаи таълимии парастишгоҳи рақами 40-и шаҳри Конибодом, Мактаб-интернати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент, Интернати назди муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен, Кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 26-и шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд, Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Хона-интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Парваришгоҳи ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон чорабиниҳо сурат мегиранд.

Дар назар аст, ки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳои идонаи муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати фарорасии Иди Қурбонро ба самъи бошандагони муассисаҳо расонанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Иди Қурбон дар 22 муассисаи иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир мегарданд