11 август Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад

( 0 Овоз )

11 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки санаи мазкур мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Ба гуфтаи мавсуф, тибқи қарори қабулгардида, 11 август соати 6:30-и субҳ дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мегардад. Дар ин соат муқаррар намудани вақти намоз ба он хотир аст, ки шахсони дорои имконият баъд аз адои намоз бояд қурбонӣ анҷом диҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share