Бахшида ба Иди саиди Қурбон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 3 ва 4 август дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ниёзи аввалия ташкил гардид.

Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки бахшида ба Иди саиди Қурбон доир шуд, маҳсулоти гуногун, аз ҷумла биринҷ, гӯшт, пиёз, орд, картошка, равған, сабзӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбати бозор то 30 дарсад арзон пешниҳоди сокинон гардонида шуд.

Ба самъи аҳолӣ расонида мешавад, ки рӯзҳои истироҳатии 10-11 август низ дар ҳудуди шаҳрҳои зикршуда чунин ярмаркаҳо гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share