Хабарҳо
Ғолибони 20 - рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 23.10.2019 15:51
Баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум - 23.10.2019 15:57
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд - 22.10.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд - 22.10.2019 16:37
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд! - 22.10.2019 13:21
Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад - 22.10.2019 10:10
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Нимаи дуюми рӯзи 29 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду навсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар даҳҳо иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар нимсолаи якуми соли равон дар ноҳия бо харҷи 14 миллиону 560 ҳазор сомонӣ  68 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

Зимни сафар Раиси вилоят рафти корҳои сохтмониро дар чанде аз иншооти ҷашнӣ мушоҳида намуд. Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба маҳаллаи 40-солагии Дилварзини Ҷамоати деҳоти Палдорак ташриф овард ва бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабӣ шинос гардид. 
Чуноне иттилоъ дода шуд муассисаи томактабӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Оймаҳмад Шарипов бунёд гардида истодааст. Тибқи лоиҳа барои бунёди иншоот 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ  анҷом ёфтаанд. Муассисаи мазкур барои 80 нафар тарбиятгиранда дар як баст сохта шуда,  аз ду ошёна иборат мебошад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бобати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дода, иқдоми соҳибкорро дар самти ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ