Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва толори варзишӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Рӯзи 29 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маросими баистифодадиҳии маркази хизматрасонӣ ва толори варзишӣ иштирок кард.

Маркази хизматрасонии сеошёна дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Наимхон Баҳодуров бо харҷи зиёда аз 1 млн. сомонӣ сохта шудааст.

Дар марказ 22 нуқтаи хизматрасонӣ, аз ҷумла ошхона, дӯкони гӯшт, фурушгоҳи либос, пояфзол, атриёт, маҳсулоти заргарӣ, қисмҳои эҳтиётии техникӣ, толори мебел, фурӯши телефон, сехи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн ва ғайраҳо мавҷуд аст.

Дар ошёнаи сеюми иншоот бошад толори варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ таъсис дода шудааст, ки дар як вақт 25 нафар метавонанд машқу тамрин намоянд.

Нуқтаҳои хизматрасонӣ ба тариқи шартномавӣ ба соҳибкорони инфиродӣ дода шудаанд ва бо истифода қарори гирифтани иншоот беш аз 40 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ таъкид кард, ки иқдоми соҳибкори маҳаллӣ дар самти тасъсиси ҷойҳои нави корӣ шоистаи пайравӣ аст. Зикр карда шуд, ки то соли 2021 дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 500 иншоот мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар натиҷа садҳо нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Share