Баргузори Фестивали вилоятии яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан. Дар Суғд 459,4 тонна яхмос ва 2,7 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол гардид

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Рӯзи шанбеи 29 июл бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар майдони назди Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят Фестивали вилоятии яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан баргузор гардид.

Хол Ҳайдар, муовини якуми Раиси вилоят зимни иштирок дар чорабинӣ қайд намуд, ки тахминан 83 фоизи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар вилоят аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол» ва истеҳсоли 43 фоизи яхмос дар ҳудуди вилоят ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Яхмоси 33» рост меояд. Дар баробари ин соҳибкорони инфиродӣ ва ҷамъиятҳое мавҷуданд, ки барои аз 5 то 10 нафар шахсон ҷои корӣ ташкил намуда, айни ҳол дар ҳамин соҳа фаъолият доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар вилоят 459,4 тонна яхмос истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 53,8 тонна зиёд мебошад. 49 фоизи яхмоси истеҳсолгардида дар се корхонаи саноатӣ ва боқимонда 51 фоизи дигар дар коргоҳҳои хурди соҳибкорони инфиродӣ истеҳсол шудааст.

Дар ин давра ҳамзамон 2,7 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол гардидааст. Бузургтарин корхонаи соҳа – ҶСП “Оби зулол”-и шаҳри Истаравшан аст, ки 2,2 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан дар он истеҳсол шудааст.

Дар бахши обҳои ташнашикани фестивал ҷойи аввал насиби ҶСП «Оби зулол» - и шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм ҶСП «Евро - Азия - 2005» - и шаҳри Бӯстон ва ҷойи сеюм ҶДММ «Оби ширин» - и шаҳри Хуҷанд гардид.

Дар бахши истеҳсоли яхмос ҷои аввалро ҶСП «Яхмоси 33», ҷои дуюмро ҶДММ «Дӯстӣ Амирхон» - и шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюмро соҳибкори инфиродӣ Абдусалом Умаров соҳиб шуданд.

Ба ғолибони диплому сипосномаҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share