Ба шаҳри Гулистон наздик 15 000 сайёҳ ташриф овардааст

( 0 Овоз )

Дар нимсолаи якуми соли 2019 ба шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои туристии мамлакат маҳсуб меёбад, наздик 15 000 нафар сайёҳ ташриф овардааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар шаҳр бо мақсади амалисозии нақшаҳои марбут ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Маҳз дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас сафи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳамасола дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди сайёҳони ташрифоварда 2125 нафар афзудааст.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ дар шаҳр 13, 5 миллион сомониро ташкил дод, ки аз он 3,1 миллион сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Бояд зикр кард, ки осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил»,  урдугоҳи «Шоҳин» ва шиногоҳҳои муосири соҳили Баҳри Тоҷик аз ҷойҳои диданиву дӯстдоштании гардишгарону сайёҳон маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share