Хабарҳо
Ғолибони 20 - рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 23.10.2019 15:51
Баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум - 23.10.2019 15:57
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд - 22.10.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд - 22.10.2019 16:37
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд! - 22.10.2019 13:21
Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад - 22.10.2019 10:10
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59

«Ҳамкории байниидоравӣ дар сатҳи маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила - мубодилаи таҷрибаҳои мусбӣ ва дурнамои ҳамкориҳо» - баргузории мизи мудаввар

( 0 Овоз )

Чанде қабл дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ дар сатҳи маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила - мубодилаи таҷрибаҳои мусбӣ ва дурнамои ҳамкориҳо» ва татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2023 бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, занону бонувони фаъол, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ зимни баромади худ бобати пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар муносибатҳои оилавӣ, стратегияи Кумитаи кор бо занон оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал дод.

- Ҳарчанд бобати масъалаи мазкур корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, теъдоди зӯроварӣ то ҳол зиёд ба назар мерасад. Дар самти маблағгузории Барномаҳои давлатӣ, дастрас кардани маводи иттилоотӣ ба аҳолӣ, дастрасии кӯмаки равоншиносон, хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ВАО, таҳлилҳои амиқ, омори ягонаи электронӣ ва амсоли инро бояд ҷоннок кард, - гуфт Марҳабо Олимӣ.

Доир ба сабабҳои ҷой доштани хушунат ва зӯроварӣ гуфта шуд, ки ин пеш аз ҳама тарбияи нодуруст дар оила, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вобастагии иқтисодии занон ва пиронсолон аз мардони оила, осебпазирии кӯдакон нисбати таҳдидҳои ноустувории иқтисодиву иҷтимоӣ, суст будани низоми таҳлили гендерӣ ва амсоли ин мебошад.

Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён бобати пурзӯр кардани мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ нисбати занону духтарон, хизматрасониҳои мавҷуда барои ҷабрдидагон, қонунгузорӣ, фаъолияти гурӯҳи байниидоравӣ ва умуман таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мухталифро иброз доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Ҳамкории байниидоравӣ дар сатҳи маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила - мубодилаи таҷрибаҳои мусбӣ ва дурнамои ҳамкориҳо» - баргузории мизи мудаввар