Хабарҳо
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10

Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2019-2021 дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 июли соли 2019, №329 ба тасвиб расидааст.

Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гузаронида шуда, дар он ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят иштирок менамоянд. Барои муайян намудани ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти беҳтарин нишондиҳандаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ,фарҳанг, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасонии маишӣ, вазъи корҳои ободонӣ ва ғайраҳо ба назар гирифта хоҳад шуд.

Озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" дар ду марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи якум ҷамоати шаҳраки беҳтарин ва ҷамоати деҳоти беҳтарин дар ҳудуди шаҳру ноҳия муайян карда мешавад. Дар марҳилаи дуюм ва вилоятии озмун танҳо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар марҳилаи аввал ғолиб дониста шудаанд, иштирок мекунанд.

Барои ғолибони озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" аз рӯи бахшҳои "Ҷамоати шаҳраки беҳтарин" ва "Ҷамоати деҳоти беҳтарин" аз 2000 сомонӣ то 6000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад