Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид

( 0 Овоз )

Беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дошта, дар нимсолаи якуми соли равон аз буҷети вилоят барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд.

Аз ҷумла, барои таъмиру навсозии пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1,3 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 1 млн. сомонӣ, Ашт 900 ҳазор сомонӣ, Панҷакент 700 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 700 ҳазор сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 400 ҳазор сомонӣ ва Ҷаббор Расулов 400 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки барои ҳосили соли 2019 дар майдони 274,7 ҳазор гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share