Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон"

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон", ки ба қалами унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Исматҷон Ҷумъаев таалуқ дорад, ба нашр расид.

Китоби мазкур, ки монографияи илмии муҳаққиқи ҷавон маҳсуб меёбад, аз муқаддима ва ду боб иборат аст. Боби якуми китоб "Таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳокимияти давлатӣ" ва боби дуюм "Таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳуқуқ ва қонунгузорӣ" ном дорад.

Дар китоб муаллиф оид ба саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди қонунгузории миллӣ дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин фикру андешаҳои худро баён кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share