Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд

( 1 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабинии тасдиқшуда то ин дам дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифодаи сокинон қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои муовини раиси шаҳр Асрор Ғуфронзода майдончаҳои варзишӣ бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солиму таъмини оммавияти варзиш сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки варзишгарони шаҳр бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда мунтазам дар чорабиниҳои варзишии сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок менамоянд.  Танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ варзишгарони Конибодом аз мусобиқаҳои гуногун  112 медал, 50 адад медали тилло, 35 адад нуқрава 27 адад биринҷиро ба даст овардаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share