Хабарҳо
Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд - 25.08.2019 10:47
Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон - 25.08.2019 02:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд - 24.08.2019 18:13
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 09:26
Ифтитоҳи қорхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 23.08.2019 10:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:22
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 23.08.2019 12:23
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:26
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:28

Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт

( 0 Овоз )

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ноҳияи Мастчоҳ иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ 102,8 фоиз таъмин гашт. Дар ин бора муовини раиси ноҳия Тошмурод Ҳасанов иттилоъ дода, афзуд, ки ба ҷойи 40 млн. 020 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 41 млн. 179 ҳазору 121 сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 1 млн. 159 ҳазору 121 сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,8 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 52 млн. 821 ҳазору 120 сомонӣ, 53 млн. 750 ҳазору 352 сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 929 ҳазору 232 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 105,9 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 30 млн. 522 ҳазору 962 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 1 млн. 721 ҳазору 962 сомонӣ бештар аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт