Хабарҳо
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид

( 0 Овоз )

Дар шаш моҳи соли 2019 дар шаҳри Конибодом ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 149 млн. 519,6 ҳазор сомониро ташкил дода, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 114,2 фоиз таъмин карда шуд. Дар ин бора муовини раиси шаҳр Асрор Ғуфронзода дар маҷлиси фаъолони шаҳр иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр 1558,5 тонна гўшт, 11170,4 тонна шир, зиёда аз 3 млн. 462 ҳазор дона тухм, 8977,42 тонна сабзавот, 5571,1 тонна ғаллагиҳо, 2371,32 тонна картошка, ва 22637,8 тонна меваи донакдор истеҳсол карда шуд.

Истеҳсоли маҳсулот нисбати давраи муқоисавӣ мутаносибан гўшт 4,2 тонна, шир 13,2 тонна, тухм 52 ҳазор дона, сабзавот 2307,8 тонна, картошка 455,2 тонна ва меваи донакдор 5445,4 тонна зиёд истеҳсол карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид