Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

( 1 Овоз )

Дар шаҳри Бӯстон давоми нимсолаи якуми соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора муовини якуми раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода дар маҷлиси фаъолон, ки рӯзи 12 июл дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон доир шуд, иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро иборат аз 167 банд тасдиқ намудааст, ки дар асоси он корбарӣ идома дорад.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида аз соли 2018 то имрӯз дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 70 иншооти ҷашнӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Дар назар аст, ки то соли 2021 дар ҳудуди шаҳр 167 иншоот бунёд карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share