Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

Хуҷанд. Ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд ба ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” диплому мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сурат гирифт ва роҳбарияти шаҳр ба 12 нафар гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ аз 800 сомонӣ то 2000 сомонӣ маблағҳои пулӣ тақдим кард. “Шоҳҷоиза”-и озмун насиби Сарфарозиддин Иморуддинов - донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид ва ба ӯ 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 бори аввал роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ мебошад.

Дар даври шаҳрии озмун зиёда аз 1000 нафар фаъолона иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд