Хабарҳо
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53
Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 18.07.2019 08:44
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА - 18.07.2019 06:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34

Дастаи “Суғд-1” ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол гардид

( 0 Овоз )

11 июли соли ҷорӣ дар Мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон 2003 ҷамъбаст гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев гузаронида шуд ва дар он варзишгарон аз минтақаҳои мамлакат иштирок доштанд.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол дастаи волейболбозони “Суғд-1” ҷойи якум, дастаи волейболбозони “Душанбе-1” ҷойи дуввум ва дастаи “Суғд-2” ҷойи севвумро ишғол намуданд.

Дар расми пӯшидашавии мусобиқа раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, довари дараҷаи байналмилалӣ Нуралӣ Одинаев, раиси Федератсияи волейболи вилояти Суғд Сарҳад Ғаниев иштирок карда, ба ғолибон Ҷом, диплом ва медалу туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дастаи “Суғд-1” ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол гардид