Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оилаҳои камбизоат, шахсони эҳтиёҷманду беморро мунтазам аёдат менамояд

( 0 Овоз )

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нимсолаи аввали соли равон 470 нафар оилаҳои камбизоат, шахсони эҳтиёҷманду бемор ва собиқадорони меҳнату пиронсолонро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонидааст. Дар ин бора зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамзамон доир ба тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои муосиру муассири тарғибот андешарониҳо сурат гирифт. Зикр гардид, ки дар фазои сиёсии ноҳия аъзову ҷонибдорони ҲХДТ нақши бориз дошта, ин нерӯи бузург дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, тарғибу ташвиқ ва татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузоранд.

Ба иттилои масъулин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 13 845 нафар аъзо дошта, онҳоро 4 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 93 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share