Хабарҳо
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53
Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 18.07.2019 08:44
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА - 18.07.2019 06:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад

( 0 Овоз )

Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд чорабиниро Фирӯза Нуруллозода, муовинираиси шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, таъкид дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби аъзоёни Шўрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба шарҳу муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ бо фаъолони шаҳр мулоқоти васеъ барпо карда шавад.

Сипас, муовини раиси Суди иқтисодии вилоят Исмоилзода Раҳмоналӣ, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати андози вилояти Суғд Наимҷон Комилзода ва сардори шуъбаи прокуратураи вилоят Файзулло Таваккалзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем. Таъмин намудани рушди дарозмуддати Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин самт ҳамаи мо низ масъул мебошем.

Зикр гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо, таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти самаранок ва бехатарии низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони бахши иқтисодӣ мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад