Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

Баргузории конфронси ҷумҳуриявии “Дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар” дар Хуҷанд​

( 0 Овоз )

Дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят​ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назарявӣ таҳти унвони “Дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар” баргузор гардид.

Дар кори конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини Раиси вилояти Суғд Баҳодурзода Баҳоваддин, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, коршиносони соҳа ва ҷавонони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс таъкид карда шуд, ки сиёсати давлатиии ҷавонон дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омода, дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Хадамоти матуботи

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конфронси ҷумҳуриявии “Дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар” дар Хуҷанд​