Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз водии Яғноб

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

5 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои дурдасти вилоят аз водии Яғноб боздид кард.

Бояд гуфт, ки водии Яғноб аз минтақаҳои таърихии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар қисмати шарқии ноҳияи Айнӣ, дар мавзеи баландкуҳ ҷойгир шудааст. Яғноб як пораи таърихи зиндаи куҳанбунёди тоҷикон буда, аз ҷониби донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон шинохта шудааст. Вобаста ба таърихи ин гўшаи диёри аҷдодиамон ҳанўз дар асри панҷуми қабл аз мелод муаррихони машҳури юнонӣ маълумот дода буданд.

То замони муҳоҷирати сокинонаш ба дигар минтақаҳои кишвар, Яғноб аз 32 деҳа иборат буда, наздик 3200 нафар аҳолӣ доштааст. Айни замон дар водӣ ҳудуди 500 нафар иқомат доранд. Шуғли асосии сокинони дараи Яғноб чорводорӣ ва зироаткорӣ буда, рушди иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи дурдасти кишвар дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар доираи боздиди кории худ Раиси вилоят аз хонаҳои истиқоматии чанде аз сокинон, аз ҷумла оилаи Муродовҳо боздид намуд. Ин оила аз он хушҳоланд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо мегардад ва дар мамлакат сулҳу субот ҳукмрон аст, мардум зери осмони соф зиндагии осуда доранд ва дар пешрафту шукуфоии Ватани худ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Сипас, Раиси вилоят дар саҳни филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-и водии Яғноб бо сокинон мулоқот кард. Зимни мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 6500 иншооти гуногун сохта мешавад. Дар ин раванд дар ноҳияи Айнӣ низ сохтмони садҳо иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар аксари иншоотҳои ҷашнӣ идома доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки мардуми Яғноб посдорандаи яке аз забонҳои қадимаи дунё – забони яғнобӣ-суғдӣ ҳастанд ва бо назардошти ин зарур аст, ки дар водии Яғноб як маркази омӯзиши забони суғдӣ ташкил карда шавад.

Инчунин бо мақсади беҳтар намудани шароити мавҷуда дар ин водӣ тибқи дастури роҳбари вилоят дар ояндаи наздик як маркази саломатӣ бо фарогарии шуъбаи таваллуд, ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ  сохта шуда, роҳҳои мошингард таъмир карда мешаванд.

Раиси вилоят ба масъалаи истифодаи имкониятҳои водии Яғноб аз ҷониби сокинон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр дошт, ки дар ин мавзеъ бояд ба рушди қутоспарварӣ, моҳипарварӣ ва боғдорӣ таваҷҷуҳи бештар равона гардад. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки дар сурати пешниҳоди лоиҳаҳои судманд аз ҷониби сокинон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.

Дар ин рӯз ба аҳолии водии Яғноб кӯмакҳои моддии Раиси вилоят аз қабили орд, биринҷ ва равған дастрас карда шуд. Мардуми Яғнобдара аз сафари роҳбари вилоят хушҳолӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз водии Яғноб