Хабарҳо
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53
Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 18.07.2019 08:44
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА - 18.07.2019 06:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34

Ғолибони озмуни “Хуришҳои миллӣ ва муосир” ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд

( 1 Овоз )

Чанде қабл дар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Хуришҳои миллӣ ва муосир” гузаронида шуд, ки дар он 17 нафар ғолибони даври аввали озмун иштирок намуданд.

Озмун аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин хуриши миллӣ”, “Беҳтарин хуриши муосир” ва “Сарфакорӣ, ғизонокӣ ва фоиданокии хуриш” сурат гирифт.

Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар бахши “Беҳтарин хуриши миллӣ” ҷойи якумро Мафтуна Юлдошева (ноҳияи Спитамен), ҷойи дуюмро Озодахон Турсунова (ноҳияи Мастчоҳ) ва ҷойи сеюмро Гузал Юнусова (ноҳияи Ҷаббор Расулов) соҳиб шуданд. Ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахши “Беҳтарин хуриши муосир” насиби Дилафрӯз Мазбутова (Истаравшан), Мавлуда Юнусова (Бӯстон) ва Хуршеда Оқилова (Конибодом) гардид. Ҷойҳои ифтихории бахши “Сарфакорӣ, ғизонокӣ ва фоиданокии хуриш”-ро Муҳаррам Набиева (Гулистон), Гулафзо Набиева (Исфара) ва Рафоат Пиракова ишғол намуданд.

Ба ғолибони озмун муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ мукофотпулиҳоро дар ҳаҷми 1000 сомонӣ (ҷойи якум), 800 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 500 сомонӣ (ҷойи сеюм) супорид.

Ҳамзамон, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони озмуни “Хуришҳои миллӣ ва муосир” ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд