Хабарҳо
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53
Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 18.07.2019 08:44
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА - 18.07.2019 06:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34

Дар Хуҷанд корхонаи муштараки «Суғд Самарқанд Парранда» ба фаъолият оғоз кард

( 0 Овоз )

Дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи навтаъсиси муштараки мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи муштарак дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори самарқандӣ Заршед Муҳаммадиев ва соҳибкори маҳаллӣ Абдуаҳад Раҳимов бунёд гардида, баҳри истеҳсоли чӯҷаи бройлерӣ пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ин коргоҳ дар марҳилаи аввал тухмҳоро аз шаҳри Самарқанд ворид намуда, бо таҷҳизоти муосир парвариши чӯҷаро ба роҳ мемонад. Иқтидори истеҳсолии моҳонаи чӯҷаи навъи бройлерӣ дар ин коргоҳ 100 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» истеҳсоли гӯшти мурғро низ ба роҳ мондааст, ки дар як моҳ то 100 тоннаро ташкил медиҳад. Чӯҷаҳо бо усули муосир парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.

Алҳол дар самти рушди корхона беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардида, то охири соли ҷорӣ он ба 500 ҳазор доллар расонида мешавад. Миқдори умумии кормандон бо назардошти филилалҳо ба зиёда аз 50 нафар расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд корхонаи муштараки «Суғд Самарқанд Парранда» ба фаъолият оғоз кард